СММ аз сатҳи рекордии газҳои гулхонаӣ, гармшавӣ ва обшавии пиряхҳо хабар дод

Апрель 23, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (СУМ), ки ба сохтори СММ дохил мешавад, сатҳи рекордии тағйирёбии иқлими ҷаҳониро ба қайд гирифтааст, чунин бармеояд аз маърузаи Созмон, ки 21 апрел нашр шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Интерфакс.

Дар таҳқиқоти «Вазъи иқлими ҷаҳонӣ дар соли 2022» оид ба афзоиши бесобиқаи консентратсияи се гази асосии гармхонаӣ — гази карбон, метан ва оксиди нитроген дар атмосфераи Замин гуфта мешавад, ки боиси гармшавии сайёраҳо мегарданд. Ҳамин тариқ, солҳои 2015-2022 аз ҳама гармтарин солҳо дар таърихи мушоҳидаҳо шуморида мешаванд.

Баландшавии ҳарорат ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад. Ғафсии миёнаи онҳо, тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ, аз октябри соли 2021 то октябри соли 2022  1,3 метр коҳиш ёфтааст. Ин назар ба дараҷаи миёнаи даҳсолаҳои охир хеле зиёд аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Акс аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад