СОЛИ 2022 «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД»-РО 3 066 НАФАР ТАМОШО КАРДААСТ. Ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ бахшида мешавад

Апрель 16, 2023 09:09

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тӯли  5 соли охир ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (Қалъаи Хуҷанд) 6 794 ашёи бозгӯкунандаи таъриху фарҳанги ниёгон қабул карда шуд, ки аз миқдори умумии он 3 869 адад ба фонди асосӣ ва 2 925 адад ба фонди ёрирасон дохил гардид. Алҳол дар фонди осорхона 16 612 адад нигора маҳфуз мебошад. Дар ин хусус   мудири шуъбаи таърихи давраи муосири Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Муҳаррамма Хоҷаева бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (18 апрел)  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  

Муҳаррамма Хоҷаева  ҳамчунин иттилоъ дод, ки  дар самти муаррифии ин мавзеи таърихӣ ва бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъаи он, бо мақсади муаррифии мавзеъҳои таърихӣ ва ҷалби шумораи бештари сайёҳони дохил ва хориҷи мамлакат шуъбаи нав – сайёҳӣ  таъсис  гардид, ки  соли 2022 теьдоди сайёҳон-тамошобинони хориҷӣ 3 066 нафар ва  соли равон  363  касро ташкил дод.

«Тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи Марказӣ дар тӯли таърихи басе пурихтилоф ва ҳамзамон пурифтихори хеш фарҳангу тамаддуне офаридаанд, ки нишонаҳои он, новобаста аз он ки имрӯз дар ҳудуд ё осорхонаи кадом давлат маҳфуз аст, шиносномаи ин миллат ва давлати баъди ҳазор сол бунёдёфта дар фазои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидааст, сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад»,- иброз намуд номбурда.

Ҳамсуҳбати мо  тазаккур дод, ки соли 1954 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти давлатҳои Конвенсияи Гаага шомил гардида, моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна ба ЮНЕСКО аъзо гардид. Ин нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ хеле баланд намуд. Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола бо мақсади ҷалби ҷомеаи ҷаҳон барои ҳифзи мероси умумибашарии фарҳангӣ 18 апрел Рӯзи байналмиллалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ҳисобида мешавад.

«Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маъхазҳои муътамади таърихию бостонӣ бар он мекӯшад, ки мақому мартаба ва маърифати аҷдодони хешро, ки асрҳои зиёд дар бойгонии таърих ба фаромӯшӣ рафта буд, бори дигар эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Зимомдори чунин сиёсати фарҳангсолорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бунёд, таъмиру тармими осори таърихии халқи куҳанбунёдамон яке аз мавзуъҳои меҳварии сиёсати Сарвари давлат мебошад. Воқеан, бо истифода аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат муаррифии арзишҳои волои миллӣ айни муддао мебошад»,- мегўяд  ў.

Мавсуф таъкид намуд, ки бо мақсади рушду нумӯъ ва тарғиби ҳамаҷонибаи арзишҳои ғайримоддии миллии фарҳангӣ Ҳукумати Тоҷикистон  тайи чанд соли охир барномаи ҷолиб қабул намуд. Қабул гардидани «Барномаи давлатии инкишофи фарҳанг барои солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2009-2015», «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  барои солҳои 2019- 2021» аз ин ҷумла аст.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар машварати ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии ёдгориҳои Шоҳроҳи абрешим», ки 26-28 июни соли 2019 дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, 6 ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Суғд, аз ҷумла «Қалъаи Хуҷанд», «Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин», «Мақбараи Ҳазрати Шоҳ» дар шаҳри Исфара, «Мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ Гумбаз)»-и шаҳри Истаравшан, «Дахмаҳои Куркат ва димнаи Ширин»-и ноҳияи Спитамен, «Қалъаи Қаҳ-қаҳа 1,2,3» дар ноҳияи Шаҳристон ба силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Абрешим: Гузаргоҳи Фарғона-Сирдарё»-и феҳристи пешакии Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО номнавис гардидаанд.

«Соли 2020  бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат  5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм  ва 700-солагии шоири ширинкалом  Камоли Хуҷандӣ  ба силсилаҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуда, дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта шуд. Мақсад ва вазифаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷамъоварӣ, пурра намудани хазинаи осорхона бо ашёи таърихӣ ва фарҳангии давраҳои гуногуни таърихии мамлакат, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, омӯзиш, ба воситаи намоиш ба мардум пешкаш намудани маълумот ба таври аёнӣ ва дар ин замина вусъат додани тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ мебошад», -илова намуд ў.

Ба гуфтаи Муҳаррамма Хоҷаева,  як қисми ёдгориҳои таърихӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфуз мебошанд, ба монанди хумҳои асрҳои VII-VIII, ёдгориҳои Панҷакенти қадим, аз ҷумла Саразми қадим, хиштҳои хом ва олоти сангии ҳазорсолаи IV-III пеш аз мелод, нигораҳои бостоншиносӣ: мустахораи мутааллиқ ба асрҳои  IX-X, симобкӯзачаҳои асрҳо IX-XII, ҳайкалчаи сафолӣ (теракота)-и асрҳои V-VIII, дафинаи сиккаҳои мутааллиқ ба асрҳои XI-XVI ва сиккаҳои асрҳои гуногун.

Мавсуф хотиррасон намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Апрель 16, 2023 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

“Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
Соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид
Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид