Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб идома дорад. Дар намоиш аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омадаанд. Дар ин хусус ба АМИТ Ховар аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар чорабинии имрӯза асарҳои зиёди нависандагони тоҷик ва адабиёти хориҷӣ ба намоишу фурӯш гузошта шудаанд. Ин намоиш бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он нашриёти ватанӣ ва хусусӣ номгӯйи зиёди китобҳо ва аз ҷумла, китобҳои тозанашрро пешниҳод намудаанд.
Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад иттилоъ дод, дар намоиш-фурӯш беш аз 400 номгӯй китоб, ки фарогири мавзуъҳои мухталиф буда, 3000 нусхаро ташкил медиҳанд, пешниҳоди дӯстдорони мутолиа гардидаанд. Инчунин имрӯз дар ин намоиш беш аз 50 номгӯй китоби тозанашр бо шаклу муҳтавои нав пешниҳод гардидааст.
Дӯстдорони китоб имрӯз имкон доранд, ки ба китобҳои харидаашон соядасти адибонро гиранд ва ҳамзамон бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шаванд.
Китобдӯстдорони асил инчунин метавонанд доир ба китобҳои тозанашр маълумоти муфассал пайдо намоянд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






