Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хатари хеле баланди паҳншавии вабо дар ҷаҳон ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хатари паҳншавии минбаъдаи бемории вабо дар ҷаҳонро хеле баланд арзёбӣ мекунад. Тавре СУТ дар номаи хабарии шаби панҷшанбе нашршуда қайд кардааст, ба ҳолати то 20 март аз 24 давлат расидани гузоришҳо дар бораи ҳолатҳои нави беморӣ идома ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
Созмон махсусан аз афзоиши фавтнокии марбут ба вабо нигарон аст. Бисёре аз кишварҳо дар бораи нишондиҳандаҳои аз андоза баланди фавтнокӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ гузориш додаанд. Дар паём гуфта мешавад, ки соли 2021 сатҳи миёнаи фавт дар саросари ҷаҳон 1,9% ва дар Африқо 2,9% -ро ташкил дод, ки баландтарин нишондиҳанда дар тӯли беш аз даҳ соли охир аст.
Вабо- бемории махсусан хатарноки сироятӣ мебошад, ки аз бактерияи вергулшакли вабо ба вуҷуд меояд. Он тавассути ғизо ё оби сироятшуда ба бадан ворид мешавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: ТАСС








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






