Тақрибан 21 нафар бар асари обхезиҳои ногаҳонӣ дар Сомалӣ ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тайи ду ҳафтаи охир дар ҷануби Сомалӣ обхезии ногаҳонии шадид, ки бар асари бориши зиёд ба амал омад, тақрибан ҷони 21 нафарро аз байн бурда, беш аз 100 000 нафарро бе сарпаноҳ монондааст. Обхезӣ амволро низ нобуд кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили башардӯстона (OCHA) хабар додааст.
Мувофиқи ин иттилоъ, ҳалокшудагон дар ноҳияи аз ҳама зиёд зарардидаи Бардереи минтақаи Гедо, ки рӯзҳои охир дар он бориши зиёд ба амал омад, ёфт шуданд.
Зиёда аз 1000 гектар замини кишоварзӣ зери об монда, таҳсили бештар аз 3000 кӯдак қатъ гардид.
Обхезӣ дар ҳоле рух дод, ки Сомалӣ хушксолии шадидро аз сар мегузаронад ва дар натиҷаи он беш аз 8,25 миллион нафар ба кумаки башардӯстона мӯҳтоҷ гардидаанд.
Хабар дода мешавад, ки сабаби аслии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Шабелле ва Ҷуба ба амал омадани борони зиёд дар кӯҳҳои Эфиопия будааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






