ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, ҷумъа, 118-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 28, 2023 08:00

28 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара  марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ифтитоҳ намуданд.

 ***

13 сол пеш,  28 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.

***

Дар ин рўзи соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

***

28 апрели соли 2022   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

28 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии духтури ҳайвонот (байтор).

РӮЙДОДҲО:

 28 апрели соли 2016  рамзи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби  Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод  гардида буд, тасдиқ карда шуд.

***

28 апрели соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

***

28 апрели соли 2011 ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» бо ташаббуси  намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар назди СММ ҷамъомади илмӣ доир шуд.

***

10 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис ёфт.

Апрель 28, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш