Тадбирҳо дар самти «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ ва масъулини Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи мамлакат бо ҳайати шахсии афсарону курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа вохӯрӣ намуда, вобаста ба ҳолати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сухан гуфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иброз карда шуд, ки терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили ҷиноятӣ хатари воқеӣ ба амнияту суботи давлатҳои ҷаҳон мебошанд. Зеро ин падидаи номатлуб то ҳанӯз дар ҷомеа зери ниқобу ақидаҳои гуногуни ифротгароёна арзи ҳастӣ намуда, хатару таҳдидҳои нав ба нави амниятӣ эҷод менамояд. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки фирефтаи ҳар гуна ақидаву андешаи бегона нагардида, бо донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқиву маърифатии хеш дар пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон зимни ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиёни он доир ба татбиқи амалии «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавзую масъалаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






