ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД. Ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа бахшида мешавад

Апрель 25, 2023 13:49

ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел -Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа . Шиори он дар соли равон — «Вақти он расидааст, ки ба василаи сармоягузорӣ, технологияву навоварӣ ба нишондиҳандаи баланд дар роҳи мубориза ба вараҷа ноил шавем». Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Хурсандиовар он аст, ки 29 марти соли 2023 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлате шомил гардид, ки бар зидди бемории вараҷа пирӯз шудааст. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш сертификат додааст.

Ба иттилои табибон, вараҷа бемории сироятӣ ба ҳисоб рафта, тавассути  хомӯшакҳои  хунмаки вараҷаовар  паҳн мегардад.  Сироят дар ҷисми инсон ба масунияти шадид рӯ ба рӯ мешавад, ки таби баланд, ларзиш ва камхунӣ нишонаҳои он аст. Ҳарорати баланди бадан давра ба давра такрор меёбад.  Дар сурати заҳролудшавии босуръати ҷисм  эҳтимоли марг аз хунравии луобпардаҳо, варами мағзи сар, варамҳои рӯдаю меъда, ҷигар ва гурдаҳо ба бемор таҳдид мекунад.

Мавриди ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «давлати аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябри соли 2022 Миссияи Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.

Моҳи октябри соли 2022 ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва Восеъ боздид намуд. Ҳайат бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузошт.

Мавриди ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат барои пешгирии бемории вараҷа якчанд нақша ва барномаи соҳавӣ татбиқ намудааст. Аз ҷумла, дарёфти саривақтии интиқолдиҳандагони бемории вараҷа ба роҳ монда шуда, тамоми озмоишгоҳҳои ташхисии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Савияи дониш ва дараҷаи тахассусии табибону ташхисгарони бахши бемории вараҷа баланд бардошта шуд. Сатҳи маърифти тиббӣ ва дараҷаи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирии бемории вараҷа боло рафт, ки дар иҷрои ин иқдомҳои нек нақши чорабиниҳои тарғиботӣ, нишасту суҳбат ва баромадҳо тариқи воситаҳои ахбори омма хеле назаррас аст. Дар натиҷаи ин ҳама комёбиҳо ба соҳаи тандурустии мамлакат муяссар гардид, ки сирояти вараҷаи маҳаллиро дар ҷумҳурӣ қатъ намояд.

Инчунин барои пешгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон «Нақшаи стратегии пешгирии хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» қабул гардидааст, ки дар асоси он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида  шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2023 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид