Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 13 варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 апрел то 14 май дар шаҳри Тошканди Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон доир мешавад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон
Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шудааст. Сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48кг, Меҳроб Ҳамидов дар вазни то 51кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни то 54кг, Асрор Воҳидов дар вазни то 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60кг, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5кг, Расул Аҳадов дар вазни то 67кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71кг, Некрӯз Салимов дар вазни то 75кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Парвиз Каримов дар вазни то 86кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг шомил мебошанд.
Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов ва мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.
Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






