Туҳфаҳои Пешвои миллат ба Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Бӯстон расонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд. Туҳфаҳои идонаро ба тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён тақдим намуд.
Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либоси мактабӣ, либоси варзишӣ ва пойафзол ба 79 тарбиятгирандаи Мактаб-интернат дар шаҳри Бӯстон супорида шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз барои тарбиятгирандагони муассисаи мазкур дастурхони идона низ ороста шуд.
Аснои суҳбат бо тарбиятгирандагон таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ таваҷҷуҳ ба ятимону бепарасторон, беморон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор додаанд. Имрӯз нафарони бо амри такдир аз падару модар маҳруммонда ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис намекунанд.
Дар мактаб-интернати мазкур 79 кӯдаки бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда ба таълиму тарбия ва ғамхориву парасторӣ фаро гирифта шудааст.
Дар ин ҷо ҳамаи шароит барои босаводу бомаърифат ба камол расидани наврасон фароҳам буда, омӯзгорон бо онҳо чун бо фарзанди худ муносибат менамоянд.








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






