Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд расонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои 231 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ба номи Сироҷиддин Тоҷибоеви шаҳри Хуҷанд низ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷмуи сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд, тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни тақдими туҳфаҳо муовини Сарвазри Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд доимӣ буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди нигоҳубин, таҳсил ва табобату тавонбахшӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Омӯзгонону парасторон ва волидайни тарбиятгирандагони макатаб-интернати мазкур барои ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯз ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳа буда, биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмиру навсозӣ карада шудааст. Маводи ғизоӣ, сару либос ва лавозимоти зарурии таълим бошад, саривақт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сарпарасон дастрас карда мешавад.
Дар Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ки таълму тарбия дар асоси барномаи махсус ба роҳ монда шудааст, маҳфилҳои касбомӯзӣ амал мекунанд. Дар ин ҷо барои соҳибкасб шудани 146 нафар писар ҳунари челонгарю дӯредгарӣ ва барои 84 нафар дӯхтар ҳунари зардӯзӣ, кешбофӣ ва қолинбофӣ омӯзонида мешавад.
Дар ин рӯз шодию нишоти зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагони Комплекси кӯдакистон — мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босирашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд ҳам бе ҳадду канор буд. Зеро барои онҳо даструхони пурнозу неъмат ороста, туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз маҷмуи сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд, тақдим намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд таҳти ғамхорию сарпарастии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар кулли мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла ҷиҳати беҳтар намудани сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар муассисаи мазкур кӯдакону наврасони қувваи босирашон суст ва нобино аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Ашт ва Деваштич ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»












Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






