Туҳфаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвоз расонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расонида шуд.
Гуфта шуд, ки тарбиятгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвоз зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар расми тақдими туҳфаҳо ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ таъкид карда шуд, ки ғамхорӣ зоҳир намудан дар ҳаққи табақаи эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумлаи тадбиҳои башардӯстона ва беҳтарин амал дар муносибати байни инсонҳо ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва нигоҳубини кудакони ятиму бепарастор ва дорои имконияти маҳдуд тамоми шароитро фароҳам овардааст,ки то ин насли кудакону наврасон бо таълиму тарбияи баланд ба камол расида, барои Ватан ва миллат хизматҳои шоистае карда бошанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






