Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони хонаи бачагонаи рақами яки шаҳраки Шӯроб тақдим гардид

Апрель 20, 2023 20:14

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба тарбиятгирандагони хонаи бачагонаи рақами яки шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тақдим гардид. Дастпарварони ин муассиса аз ғамхории навбатии Сарвари давлат, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, хушҳол шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба тарбиятгирандагони ин муассиса туҳфаҳои Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  аз сару либос  иборат буд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тақдим намуд. Тарбиятгирандагони хонаи бачагонаи рақами яки шаҳраки Шӯроб барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуданд.

Хонаи бачагонаи рақами 1-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара 25 сол инҷониб фаъолият дорад. Дар ин муассиса 24 ятими кулл, бепарастор ва нимятим тарбия мегирад. Барои духтарон ва писарон хобгоҳи алоҳида амал мекунад. Дар ин муассиса ҷиҳати тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара 80 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Зимни тақдими туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳ ва меҳрубонии роҳбарият олии давлату Ҳукумат нисбат ба кӯдакону наврасон, бахусус кӯдакони дорои имконияти маҳдуд сухан гуфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд  14 мактаб-интернат  фаъолият дорад, ки дар ин муассисаҳо  1265 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар ҳама иду ҷашнҳо туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони чунин муассисаҳои иҷтимоӣ дастрас мегардад, ки аз ин кӯдакону наврасон шод мешаванд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илм туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 80 тарбиятгирандаи Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз барои бошандагони ин муассисаи таълимӣ дастурхони идона ороста шуд.

Бояд гуфт, ки дар Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара дар умум 80 нафар аз  ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд ба таълиму тарбия ва табобати шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии хонандагон 55 нафар аз оилаҳои ниёзманд ва 8 нафар бепарастор мебошад. Дар баробари таълиму тарбия ба солимии хонандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шароити мусоиди муолиҷа фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таълимӣ дорои китобхона буда, дар он китобҳо бо ҳуруфи кириллии чопаш ҳаҷман калон ва китобҳои Брайлӣ мавҷуд мебошад. Хонандагон дар вақтҳои холӣ аз ин адабиёт истифода намуда, донишу ҷаҳонбинии худро васеъ мекунанд.  Омӯзгорон  бо истифода аз шароити мавҷуда хонандагонро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо омода мекунанд.

Новобаста аз имкони маҳдуд хонандагони ин муассиса касбу ҳунар меомӯзанд ва аз шароити фароҳамнамудаи давлату Ҳукумат мақсаднок истифода мебаранд. Ба андешаи онҳо, имрӯз барои омӯзиш ва аз бар намудани илмҳои замони муосир шароит муҳайё аст ва истифодаи мақсадноки он ҳар нафарро дар зиндагӣ муваффақ мегардонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2023 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд