Вакили Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бо реҷаи фосилавӣ иштирок намуд

Апрель 6, 2023 13:44

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод  дар кори конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор ва Конститутсия: таҷрибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Комиссияи конститутсионӣ оид ба ташаккули пешниҳодҳо ва татбиқи чораҳои ташкилӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар якҷоягӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин давлат гузаронида шуд.

Дар кори конфронс намояндагони корпуси дипломатӣ, коршиносон ва таҳлилгарон низ иштирок намуданд.

Тавре ки баромадкунандагон изҳор доштанд, мақсад ва вазифаҳои асосии конфронси байналмилалӣ таҳлили муқоисавии инъикоси Ҳадафҳои Рушди Устувор дар конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳияи пешниҳоду тавсияҳои дахлдор барои истифода дар ислоҳоти конститутсия  дар Узбекистон мебошад.

Баромадкунандагон ҳамчунин роҷеъ ба таъмини ҳамкории самараноки ташкилоти ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди устувор ва мусоидат ба шиносоии кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ислоҳоти конститутсионӣ дар Узбекистон, омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии дар пешистодаи Узбекистон ибрози назар намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид