Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масоили мудофиа ва амният, ки дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, иштирок намуда, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 11 масъала, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Дастури намунавии мақомоти салоҳияти давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи таъмини оперативӣ ва тафтишотии амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи лоиҳаи Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД роҷеъ ба роҳ надодани мусаллаҳшавии бошитоб дар фазой кайҳон», «Дар бораи лоиҳаи Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба пешгирии нашъамандӣ дар байни кӯдакон ва ҷавонон», «Дар бораи додани мақоми мушоҳидачии Шӯрои халкии Ҷумҳурии Сурияи Араб дар Ассамблеяи парлумонии СААД», «Дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки аз парлумонҳои кишварҳои узви СААД ба Ассамблеяи порлумонии СААД ворид шудаанд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи парламентии СААД эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Дар ҷаласаҳои мазкур намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






