Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд дар ҷаласа оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд

Апрель 19, 2023 12:06

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 9-уми намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим ба кор шуруъ намуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад. 

Вакили Маҷлиси намояндагон дар назди иштирокчиёни ҷаласа дар мавзуи «Такмили қонунгузорӣ, заминаи институтсионалӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт ва иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифта оид ба иқлим» маъруза намуда, гуфт, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мавҷудияти мушкилоти тағйирёбии иқлим ва зарурати амалкарди ҳамоҳангшуда ва глобалиро эътироф кардааст. Қариб ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт, экосистемаҳои табиӣ ва саломатии инсон ба ҳодисаҳои номусоидии обу ҳаво ва тамоюлҳои устувори дарозмуддати тағйирёбии иқлим бештар осебпазир мешавад.

Сиёсати тағйирёбии иқлими Тоҷикистон ба таъмини устувории экологӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба воқеияти иқлим нигаронида шудааст. Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи ҳисобшудаи содакардаи осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар байни давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Бо назардошти авҷ гирифтани мушкилоти мавҷуда ва пайдоиши хатарҳои нав тағйирёбии иқлим метавонад монеа дар роҳи расидан ба самтҳои афзалиятноки рушди Тоҷикистон гардад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар асоси дарки дурусти мушкилоти рӯзафзуни об, инчунин аҳамияти захираҳои об барои ноил шудан ба рушди устувор масъалаи обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона ва пайваста пеш мебарад. Унсурҳои асосии сиёсати байналмилалии оби Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии мамлакат дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд.

Тоҷикистон соли 1998 Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ва Протоколи Киоторо соли 2008 ба тасвиб расонд. Парлумони Тоҷикистон дар соли 2017 Созишномаи Парижро ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои худро пайваста иҷро мекунад.

Тоҷикистон дар муддати нисбатан кӯтоҳ қонунгузории мамлакатро ба асноди стратегии гуфташуда дар соҳаи тағйирёбии иқлим мутобиқ намуд. Дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 қабул гардида, Шарҳи чаҳоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Ҳисобот оид ба инвентаризатсияи газҳои гармхонаи дусола пешниҳод карда шуд.

Бояд гуфт, ки 93%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол мекунанд, ки баландии мутлақи сатҳи замин аз 3000 то 7495 метрро ташкил медиҳад. Қариб нисфи қаламрави мамлакат дар сатҳи болотар аз 3000 метр ҷойгир аст. Аз ин лиҳоз, табиат ба Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои барқароршавандаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза имконияти бузург додааст.

         АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд