«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» оғоз гардид. Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегарадад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун байни хонандагони синфҳои 5–8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад:- «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон);- «Эссе» (бо се забон); — «Қироати шеър» (бо се забон)- «Имло» (имлои дурусти калима дар матн); -«Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).
Дар даври шаҳрии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» 12 ғолиб муайян мегардад, ки аз ин шумора 6 нафар аз гурӯҳи синфҳои 5-8 ва 6 нафар аз гурӯҳи синфҳои 9-11 мебошад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»






