«20 БОНУИ МУВАФФАҚ ДАР СОҲАИ БОНКДОРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе ин озмун ҷамъбаст карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ба ғолибони он дар маросими тантанавӣ ҷоизаҳо супорида шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории хурди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон барои заноне, ки дар ташкилоти қарзии мамлакат фаъолият менамоянд, гузаронида шуд.
Ғолибон аз рӯи якчанд номинатсия барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд. Аз ҷумла, ду корманди Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»- Шаҳло Раҳимзода дар номинатсияи «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда» ва Ҳусния Ғаниева дар номинатсияи «Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» дониста шуд.
Баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занони мамлакат, ки дар низоми бонкӣ фаъолият доранд ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касбашон мусоидат менамояд.
АКС: «Амонатбонк»








Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






