31 МАЙ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ТАМОКУ. Аз се ду ҳиссаи 15 миллиард сигоре, ки ҳамарӯза фурӯхта мешавад, ба табиат паҳн мегардад

Май 31, 2023 08:50

ДУШАНБЕ, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 май — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку. Иқдоми мазкур аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои созмон, аз 15 миллиард сигоре, ки ҳамарӯза фурӯхта мешавад, аз се ду ҳиссаи он дар табиат паҳн мешавад.

Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол ҳашт миллион одам бинобар сабабҳои марбут ба тамоку мемирад.

Коршиносони СУТ ишора менамоянд, ки тамоку на танҳо ба истеъмолкунандагон зарар мерасонад, балки равандҳои марбут ба истеҳсоли он боиси пайдоиши бемориҳо дар бадани худи деҳқонон, аз ҷумла бемории музмини шуш ва заҳролудшавӣ аз никотин (бо номи «бемории тамокуи сабз» низ маълум аст) мегардад.  Дар айни замон дар саноати тамоку дар саросари ҷаҳон зиёда аз як миллион кӯдак кор мекунад.

Тамоку ба саломатии инсон чӣ гуна зарар мерасонад?

Ба гуфтаи табиб, омӯзгори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» Абдуқодир Авезов, тамоку қобилияти зеҳнии инсонро суст гардонида, ба саломатии ӯ  зарари зиёд дорад. Ҳангоми воридшавии дуди тамоку ба бадани одам  он ба вайроншавии торҳои асаб, ки узвҳои дохили баданро идора мекунанд, оварда мерасонад»,- мегӯяд табиб.

Тавре мутахассис иброз медорад, ҳангоми истеъмоли тамоку он, пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тамоку моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, сабаби пайдоиши якчанд бемории роҳҳои нафас мегардад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

«Дар натиҷаи истифодаи тамоку ё сигор дар инсон аломатҳои чархзании сар, дарди сар, дард дар ковокии даҳон, захмҳои гуногун пайдо мегарданд. Тамоку шахсро ба бемории варами меъда, ҳолатҳои асабонӣ, нооромӣ ва бехобӣ гирифтор мекунад»,-мегӯяд табиб.

Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахассисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку дар байни бонувон дар ташвиш афтодаанд. Қариб 90 фоизи заноне, ки ба истеъмоли тамоку машғул мебошанд, ҳатто дар овони ҳомиладорӣ низ ин амали худро идома медиҳанд.

Ба андешаи Абдуқодир Авезов, тамокукашии занон хатари бештар дорад, зеро организми онҳо нисбат ба мардҳо заифтар мебошад. Махсусан истифодаи маҳсулоти тамоку дар вақти  ҳомиладорӣ на танҳо ба организми модар, балки ба саломатии тифли батни ӯ низ  хатар дорад. Дар ин ҳолат кӯдакони онҳо бо нуқсонҳои гуногун  тавлид меёбанд, ки онро нуқсонҳои модарзодӣ меноманд.

Чӣ бояд кард, то аз тамоку даст кашид?

Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки дар ин самт бояд шахс, пеш аз ҳама, иродаи қавӣ дошта бошад, пеши худ мақсад гузошта, аз ин одати зараррасон даст кашад. «Ҳангоми пайдо шудани майли тамокукашӣ худро ба дигар корҳо машғул намудан зарур буда, ба ҷои он метавон хӯроки хуб истеъмол ё ба қадри имкон варзиши бадан карда, дар ҳавои тоза сайру гашт намуд. Истеъмоли бештари нӯшокиҳо – чой ва шарбатҳои мевагӣ дар ин муддат муфид аст», -маслиҳат медиҳад мутахассис.

Ба андешаи ӯ, дар ин муддат аз истеъмоли қаҳва даст кашидан зарур аст, зеро қаҳва системаи асабро ҳассос мекунад ва майл ба тамоку зиёд мешавад. Баръакси он метавон асал истеъмол намуд, ки  он ҷигарро тоза менамояд. Инчунин истеъмоли маводи ширӣ ва туршӣ айни муддаост, зеро дар таркиби онҳо сулфур мавҷуд буда, организмро аз заҳролудшавӣ тоза менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2023 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Андешаҳо оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ