Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд

Декабрь 2, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳию меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ дар вазъияти сиёсии ҷаҳон таҳти унвони  «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат» конференсияи  илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ҳизб хабар доданд.

Зимни конференсия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки  ҳувияти миллӣ танҳо воҳиди ном ва забони як мардум нест, балки маҷмуаи арзишҳои фарҳангӣ, анъанавӣ, таърихӣ ва маънавие мебошад, ки ба миллат ҳастӣ мебахшанд. Яке аз вазифаҳои асосии ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд, чун Тоҷикистон ҳифз ва тарғиби ҳамин арзишҳо аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар мамлакат дар тамоми давраи истиқлолият васеътарин фаъолиятро барои бозгашт ба решаҳои таърихӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва тақвияти унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикӣ анҷом додааст.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Орзу Ҳамидиён изҳор дошт, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар намунаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо ташкилоти тараннумгари манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ, балки муҳофизи арзишҳои миллӣ ва таҳкимдиҳандаи амнияти давлатӣ мебошанд. Фаъолияти онҳо дар ин замина ба таври мустақим ба устуворӣ, пешрафт ва ободии мамлакат мусоидат менамояд. То он даме ки ин ҳизбҳо бо мардум зич пайванд буда, дар самти ҳифзи манфиатҳои миллию тақвияти давлатдории Тоҷикистон кор мекунанд, мамлакати мо дар роҳи рушду тараққӣ бо амният ва боварӣ ба оянда қадам мегузорад.

 АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд