72 хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуд
КӮЛОБ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими гусели 72 хатмкунандаи донишгоҳ, ки бо амри дил ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта, азми ҳимояи Ватан намудаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд. .
Ҷавонони далеру шуҷои донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳифзу ҳимояи Ватан-Модар омодагии худро баён дошта, баҳри адо намудани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ равон гаштанд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, ба таъсиси он сӣ сол пур шудааст. Артиши миллӣ давоми се даҳсола бо дастгирӣ ва пуштибониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно ва пуриқтидор табдил ёфта, аз имтиҳони сангин гузашт. Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаҷиҳата рушду такомул ёфта, бо навтарин яроқу аслиҳаи ҷангӣ таъмин мебошад ва дар он барои хизматчиёни ҳарбӣ муосиртарин шароити буду бош фароҳам оварда шудааст. Сафи Артиши миллиро ҷавонони ҷасуру далери Ватан пурра намуда, омодагии худро баҳри дифои ин сарзамини аҷдодӣ баён медоранд.
Гуфта шуд, ки ҳамасола хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ба сафи Артиши миллии мамлакат ҷалб гардида, рисолати ҷавонмардии хешро содиқона иҷро менамоянд.
Баъдан аз ҷониби модарони даъватшудагон маросими мардумии «Нонгазон» баргузор гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






