Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид

Май 4, 2023 19:25

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари собиқи ширкати Mastercard Аджай Банга рӯзи чаҳоршанбе президенти нави Бонки ҷаҳонӣ интихоб шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар изҳороти хаттии хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ омадааст.

Собиқ роҳбари Mastercard ҳамчун президенти 14-ум тамоми созмонҳои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла созмони асосӣ – Бонки байналмилалии таҷдид ва рушдро роҳбарӣ мекунад.

Бангаи 63-сола ягона номзад ба мақоми раиси Бонки ҷаҳонӣ гардид.

Президенти кунунии Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Мэлпас низ соли 2019 ягона номзад ба ин мақом буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2023 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид