Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад

Май 23, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 23.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, 24-25 май бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мебошанд, боло меравад ва эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хатарнок ба соҳили махзанҳои об нараванд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.

Ҳамчунин Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, аз ҷамъоварии замбурӯғ, алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партов ва регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзор эмин бимонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Замони оғози бозиҳои мусобиқаи «Cafa Nations Cup-2023» тасдиқ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин тамға корхонаи «Субҳи Ватан»-и Исфара содироти меваи хушкро ба роҳ мондааст
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
Ғолибони даври чоруми марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот муайян шуданд
Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад
Бори аввал дар Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дзюдочиёни зиёда аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бори аввал ниммарафони байналмилалии Оne Run баргузор мешавад
Дар моҳи аввали тобистон тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?