Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо якчанд муассисаи илмии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Май 24, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкории муштараки илмӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо якчанд муассисаву ташкилоти илмии ин мамлакат созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Созишномаҳо дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-19 май ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расиданд.

1. Созишнома оид ба ҳамкории таълимӣ, илмӣ ва техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунтсини Чин.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи ин санад дар Тоҷикистон таъсиси лабораторияи муосир ва омода намудани кадрҳо дар назар дошта шудааст.

  1. Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин дар бораи таъсиси Пажӯҳишгоҳи муштарак дар доираи иқдоми «Як камарбанд, як роҳ» оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ.

Тибқи ин санад дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти  экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин Пажуҳишгоҳи байналмилалии  муштараки ҳифз ва истифодаи босамари захираҳои биологӣ таъсис дода мешавад.

  1. Протоколи тасдиқи рӯйхати лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ, ки ҷиҳати маблағгузорӣ барои солҳои 2022-2023 байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин тасдиқ шудааст.

Санади мазкур дар заминаи Протоколи ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниидоравии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ аз 14 декабри соли 2021 мутобиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии мардумии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 31 августи соли 2017 бо мақсади тасдиқи номгӯи 20 лоиҳаи муштараки маблағгузоришаванда тартиб дода шудааст. Дар ин замина маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар ҳаҷми зиёда аз 4 млн доллари ИМА дар назар дошта шудааст.

  1. Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ дар соҳаи геология байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази корҳои геологӣ-иктишофии Сиани Хадамоти геологии Чин.

Мақсади Созишнома аз он иборат аст, ки муносибатҳои корӣ дар соҳаи заминшиносӣ байни тарафҳо дар асоси баробарӣ, муносибати умумӣ ва манфиати тарафайн ба роҳ монда мешавад. Дар ин замина рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои замин, мусоидат ба навоварӣ ва рушди илм ва технологияи геологӣ, рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавассути ҳамкории лоиҳавӣ, табодули иттилоот ва боздидҳои фардӣ (сафарҳои илмии тарафайн) роҳандозӣ мегардад.

Таҳлили раванди ҳамкории илмӣ-техникӣ байни муассисаҳои илмии ду мамлакат нишон медиҳад, ки муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун давлатҳои дӯст ва ҳамсояҳои наздик аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ дорад. Бо назардошти он ки илм ва фарҳанг яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб меравад, он ҳамчунин самти хеле муҳим ва афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Май 24, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон