Ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Шветсия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 май мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия Томас Данестад баргузор гардид, ки зимни он робитаи дуҷонибаи давлатҳо дар самти барқарор намудани ҳамкорӣ миёни марказҳои зеҳнии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Дар вохӯрӣ доир ба вазъи тағйирёбандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳон ибрози назар гардида, таҳким ва густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Шветсия дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо зарур ва муҳим шуморида шуд.
Ҳамзамон арзёбии вазъи минтақа ва ҷаҳон, густариши робитаи дуҷонибаи давлатҳо мавзӯи меҳварии ин мулоқотро ташкил дод. Мусоҳибон дар бораи вазъи Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он ба минтақаву ҷаҳон табодули назар намуданд.
Баён гардид, ки баъд аз тағйири қудрат дар Афғонистон вазъ дар сарҳади ҷанубии мамлакат боз ҳам ҳассостар шудааст, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳолатҳои зиёди убури сарҳади Тоҷикистон аз ҷониби терррористони афғон ба қайд гирифта шуданд. Махсусан, таъкид гардид, ки Шоҳигарии Шветсия ҳамчун узви эътилоф дар ҳаводиси Афғонистон ҷонибдори сулҳу субот дар ин кишвар аст.
Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Шветсия барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон метавонад аз долонҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода барад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






