ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН! Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи 200-нафараи афсарони ҷавон ҳамроҳ шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи қариб 200-нафараи афсарони ҷавон ҳамроҳ гардид. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хатмкунандагони навбатии худро ба сафи Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ ба кори мустақилонаи ҳарбӣ гусел намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Маросими бошукуҳи ҷашнӣ ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шуруъ гардид.
Дар ҷараёни ин ҳамоиши муҳими низомӣ бо амри масъули донишкада ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдон бароварда шуда, аз тарафи ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд.
Таъкид бояд кард, ки тайи солҳои охир раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ чанд тан аз курсантони фаъол ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро бо баҳои аъло хатм намуданд.
Масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат маросими хатми донишҷӯёнро рӯйдоди хеле хотирмону фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар ин роҳи пуршарафи хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлол ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбӣ таманно намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Донишкадаи ҳарбӣ аз соли 1993 инҷониб дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Он аз рӯйи 18 ихтисос мутахассиси варзидаи низомӣ омода намуда, дар самти таъмину пуррагардонии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






