ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН! Наваскарони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт савганди садоқат ёд намуданд
РАШТ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 май дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт гурӯҳи наваскароне, ки зимни даъвати баҳорӣ ба ҳайати ҷузъу томи низомии қӯшунҳои Қувваҳои мусаллаҳ шомил гардидаанд, пас аз омӯзиши даври кӯтоҳмуддат, аз худ намудани тартибу низом ва талаботу қоидаҳои рӯзмарраи хизмати ҳарбӣ дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонон даст ба силоҳ бурда, савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Онҳо қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона ба ҷо меоранд ва озодию истиқлоли давлатро мардонавор муҳофизат мекунанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад чун оини ҳарвақтаи низомиён нахуст парчами ҷангии қисми низомӣ вориди майдон гардида, сипас Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ваҳдату якдилӣ ва осоиштагии миллатро дар худ таҷассум мекунад, садо дод.
Аз ҳайати шахсии наваскарони сафкашида ҳар нафар ба назди афсарони масъули ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ баромада, барои садоқат ба халқу Ватан ва муҳофизати ҳар порча хоки марзу буми аҷдодӣ савганди ҳарбӣ ёд намуд.
Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш намояндагони Вазорати мудофиа, роҳбарияти ноҳияи Рашт, роҳбарияти қисми низомӣ ва падару модарон наваскаронро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, ба онҳо баҳри хизмати софдилона ба Ватан муваффақият таманно намуданд. Наваскарон дар назди ҳозирин бо аҳди ҷавонмардона иброз доштанд, ки софдилонаву содиқона ба халқу Ватан хизмат намуда, дастоварду музаффарияти даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муҳофизат менамоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбӣ машқҳои низомӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳияи Рашт барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






