Аз барқароршавии ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон 30 сол сипарӣ мегардад

Май 10, 2023 20:41

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат бо давлатҳои гуногун, аз ҷумла мамлакатҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуби дипломатии худро нигоҳ дошта, баҳри пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ бо давлатҳои минтақа ҳамкории дуҷониба ба роҳ мондааст. Дар ин миён равобити Тоҷикистон ва Туркманистон, ки соли равон аз барқарорсозии ҳамкорию муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду давлат 30 сол сипарӣ мегардад, қобили таваҷҷуҳ буда, паҳлуҳои гуногуни ҳамкории онҳо ба таҳлил ва омӯзиш ниёз дорад. Дар ин замина оид ба муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон андешаҳои коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳамат Назироваро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад «Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз гардида буд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо давлатҳои олам беш аз 2100 санади дуҷониба ба имзо расонидааст, ки ин ҳуҷҷатҳо ҳамкории дуҷонибаи мамлакатҳоро дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амниятӣ, ҳарбӣ-техникӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра дар бар мегирад. Аз ин санадҳои баимзорасида беш аз 110 ҳуҷҷат ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар нахустин сафари расмии собиқ Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-5 октябри соли 2007, ки он, бешубҳа, оғози марҳалаи нави рушди ҳамкорӣ байни ду мамлакат мебошад, аз ҷониби сарони давлатҳо шаш санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Аз он шаш санад ду санади муҳими ҳамкорӣ дар самти соҳаҳои фарҳанг, санъат ва маориф, аз ҷумла «Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат» ва «Созишнома дар соҳаи маориф» мебошад.

Вобаста ба ин, тӯли ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба байни ин ду давлат санадҳое, ки ба имзо расидаанд, бештар хусусияти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрукӣ доранд. Дар ин миён ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии ду давлат ҷиҳати густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва пешрафти соҳаҳои илму маориф нуктаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф дар ҳамкории дуҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки давлатҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаҳои фарҳанг ва илму маорифи ҳар ду мамлакат пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад, иштироки фаъолона менамоянд.

Бояд гуфт, ки соли равон аз барқарорсозии ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ байни давлатҳо баргузор гардид. Аз ҷумла, бо ибтикори сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон пайваста баргузор мегардад, ки ин, албатта, ба таҳкими дӯстии халқҳои ин ду давлати дӯст мусоидат менамояд.

Ҳамкории босамари дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти илму маориф низ пайваста доир мешавад. Вобаста ба ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз теъдоди зиёди донишҷӯён аз Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Туркманистон таҳсил менамоянд.

Донишҷӯёни туркман асосан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва донишҷӯёни тоҷик бештар дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Туркманистон ба номи Сейдӣ таҳсил намуда истодаанд. Касби омӯзгорӣ дар самти таълиму тарбияи минбаъдаи насли наврасу ҷавон яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорӣ байни давлатҳо дар самти омода намудани мутахассисони касбии соҳаи педагогика хуб ба роҳ монда, ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи умумии донишҷӯёне, ки аз Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар соли таҳсили 2022-2023  116 нафар мебошад, ки аксари онҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳсил менамоянд. Доир ба таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бурсия ҷудо мегардад, ки аз ин ҳисоб донишҷӯён аз Туркманистон тибқи бурсия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки дар деҳаи Ғаллаободи Ҷамоати деҳоти Ҷиликул дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст аз ҷониби Туркманистон сохта шавад. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо истифода аз шароити муосири илмомӯзӣ ва муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои барҳаво дар муҳлати муайянгардида мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар айни замон тибқи маълумот дар қаламрави вилоят шаш муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои туркмантабор ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки вазъи кунунии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф мунтазам рушд ёфта истодааст. Умед аст, ки сафари навбатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ташриф овард, сабаби таҳкими муносибатҳои муштарак байни ду давлат ва густариши равобити дӯстонаи байнидавлатӣ хоҳад шуд.

АКС аз бойгонӣ

Май 10, 2023 20:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад