БУҲРОНИ ОЗУҚАВОРӢ: шумораи одамоне, ки дар 58 давлати ҷаҳон аз нимгуруснагӣ танқисӣ мекашанд, ба 258 миллион нафар расид
ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи одамоне, ки дар 58 давлати ҷаҳон аз нимгуруснагӣ танқисӣ мекашанд, ба 258 миллион нафар расид. Ба иттиллои «АЗЕРТАДЖ», дар ин хусус дар гузориши Шабакаи Глобалӣ зидди буҳрони озуқаворӣ гуфта шудааст, ки ба он Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд.
Шумораи одамоне, ки ба озуқаворӣ сахт эҳтиёҷ доранд, соли чорум аст, ки афзоиш меёбад. Нишондоди соли 2022 дар ҳафт соли охир аз ҳама баланд буд. Қисман сабаби чунин афзоиши назаррас метавонад зиёдшавии шумораи аҳолӣ бошад. Аммо, ҳатто бо гузашт аз ин хусусиятҳои оморӣ, тамоюли умумӣ нигаронкунанда мебошад.
«Ҳолати кор аз он шаҳодат медиҳад, ки башарият дар ноил шудан ба Ҳадафи дуюми Рушди устувор, ки мақсади он хотима додан ба гуруснагӣ ва бо хӯрок таъмин кардани тамоми сокинони сайёра мебошад, нотавон аст»,- навиштааст дар муқаддимаи гузориш Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.
Вазъияти ниҳоят мушкил дар Сомалӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Аз 38 миллион нафаре, ки дар вазъияти ногувор қарор доранд, нисфашон дар Афғонистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Судон ва Яман зиндагӣ мекунанд.
Зиёда аз 35 миллион кӯдаки то панҷсола аз беқувватӣ ё нимгуруснагии шадид азият мекашанд, ки 9,2 миллион нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд ё ба хатари марг рӯ ба рӯ ҳастанд.
Низоъҳо ва падидаҳои ғайриоддии боду ҳаво, омилҳои асосие мебошанд, ки ба шиддат гирифтани буҳрон мусоидат менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






