Ба Тоҷикистон тӯфони чангу ғубор ворид мешавад. Барои пешгирии он чӣ бояд кард?

Май 11, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари тағйирёбии вазъи ҳаво пагоҳ, 12 май ба ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе воридшавии тӯфони чангу  ғубор дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии мамлакат мерасонад, ки нафароне, ки аз бемориҳои дилу рагҳо ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалии қанд мебошанд, дар ин рӯзҳо ба вазъи саломатиашон бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ба иттилои Кумита, ронандагон, дӯстдорони сайру саёҳат бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳо ва техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳиро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд мебошад.

Дар робита ба пешгирии чангу ғубор чанд тавсияи Кумитаро ба аҳолӣ пешниҳод менамоем:

  1. Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст.
  2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок барои нишаст ба замин мутамарказ мешаванд. Қариби нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
  3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
  4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ҳамзамон ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафас мебошанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳанд, ҳамеша бо худ ингалятор дошта бошанд, агар талабот ба инглаятор аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид