БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Балҷувон аввалин бинои панҷошёна ба истифода дода мешавад
БАЛҶУВОН, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинои истиқоматии панҷошёна бунёд мегардад.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ин аввалин бинои панҷошёна мебошад, ки барои сокинон сохта мешавад. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Ганҷи дарё» буда, ҳоло бештари корҳои сохтмонии бино анҷом дода шудааст.
Бино аз 5 ошёна, 42 ҳуҷра, 2 даромадгоҳ иборат буда, хати обу корез мувофиқи қоида насб гардидаанд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 1, 2 ва 3 ҳуҷра иборат мебошанд. Тибқи иттилои масъулин, бинои истиқоматӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.
Дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 49 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Қаблан 5 бинои истиқоматӣ- 2 сеошёна ва 3 дуошёна барои хизматчиёни давлатӣ сохта шуда буд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои охир бо супоришу дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гашта истодааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






