Бар асари боронҳои пуршиддат дар якчанд минтақаи Тоҷикистон сел омад
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боронҳои шадид дар якчанд ноҳияҳои Тоҷикистон сел омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23 май, соати 19:48 дар деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сел ба амал омад, ки дар натиҷа 3 хона зери об монд ва ба 10 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расид. Дар ҷои ҳодиса Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат кор бурда истодааст.
«Кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита барои расонидани кумаки амалӣ ба макони ҳодиса рафтанд. Ба шаҳрвандони зарардида кумак дар шакли маҷмуи воситаҳои маишӣ ва беҳдоштӣ расонида шуд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин рӯз, соати 20:30 сел дар километрҳои 5-8 ва 9-ум роҳи мошингарди «Нуробод-Сангвор»-ро баст.
Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти мамлакат ҷалб карда шудааст. Талафоти ҷонӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки то 26 май дар Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанбор боқӣ мемонад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






