Бар асари боронҳои шадид дар Италия панҷ нафар ҳалок ва чанд нафари дигар бедарак шуд

Май 18, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз бориши шадиде, ки дар қисмати шимолии минтақаи Эмилия-Романияи Италия сабаби  обхезиҳо шуд, панҷ нафар ҳалок ва чанд нафари дигар бедарак гашт, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба ANSA.

Тақрибан 5 000 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд, ки баъзеи он аз болои бомҳо тавассути чархбол наҷот дода шуд.

Бино ба маълумоти BBC News, 14 рӯдхона аз соҳили худ баромада, 23 шаҳри минтақаро зери об мондааст.

Дар шаҳри Чезена сокинон ба болои бомҳо баромада, мунтазир истоданд, то чархбол ё қаиқ онҳоро наҷот диҳад.

Дар Кастел — Болонйез ҳокими шаҳр вазъиятро «фалокатовар» номид. Ҳазорон нафар дар хонаҳои якошёна ба наҷот ниёз доранд.

Ҳоло дар шаҳр барқ нест. Одамон дар толорҳои варзишӣ ва мактабҳои Эмилия Романия пинҳон мешаванд.

Обуҳавошиносон мегӯянд, ки дар баъзе минтақаҳо миқдори боришро чен кардан ғайриимкон аст, зеро миқдори он аз он чизе, ки асбоб имкони сабт кардан дорад, зиёдтар мебошад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 18, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад