«БЕҲТАРИН КОРМАНДИ ИДМ- 2023». Муҳандис-иқтисодчии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соҳиби ин унвон шуд

Май 22, 2023 20:15

ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Сайфиддинзода «Беҳтарин корманди ИДМ-2023» дониста шуда, бо Диплом, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи озмун сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин корманд байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, магистранти курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳайдарзода низ барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» дар бахши илм гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ шуд.

АКС: Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2023 20:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд