Борони шадид ва шамоли сахт дар Италия мушкилии ҷиддӣ ба вуҷуд овард

Май 17, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шароити номусоиди обу ҳаво дар минтақаи Эмилия — Романияи Италия мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Тавре «АЗЕРТАҶ» иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи бориши зиёд баъзе дарёҳои хурд аз соҳил баромада, садҳо манзил, роҳҳои асосӣ ва кӯчаҳоро зери об монданд.

Бар асари шамоли сахт дарахтон ба мошинҳо ва роҳҳо афтоданд. Аҳолӣ аз таҳдиди ярч ва обхезӣ огоҳ карда шудааст.

Дар Болония мактабҳо баста, 740 нафар кӯчонида шуд. Оид ба хисороти ҷиддие, ки ба инфрасохтор расидааст, иттилоъ дода шудааст.

Давоми шабонарӯзи гузашта дар минтақа 150 миллиметр борон рехтааст. Интизор меравад, ки шароити номусоиди обу ҳаво чанд муддат идома хоҳад ёфт.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: «АЗЕРТАҶ»

Май 17, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст