«ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР». Нашри дуюми асари безаволи Президенти Тоҷикистон дар таҳрири нав ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми асари безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳрири нав бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз ҷониби нашриёти «Эр-Граф» рӯйи чоп омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нашри нави китоби «Чеҳраҳои мондагор» зиндагиву осори шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқи тоҷик, аз қабили Деваштич, Сайфуддини Исфарангӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва Шамсиддини Шоҳин илова гардида, ба баъзе мақолаҳои дигар низ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудааст.
Китоби «Чеҳраҳои мондагор», ки дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърузаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зевари табъ ороста шудааст, фарогири рӯзгору осори шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии ҷумҳуриамон буда, хонандаро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос мекунад.
Дар сарсухани китоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурат ва муҳиммияти таълифи ин китоб ишора карда, таъкид медоранд: «Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».
Ёдовар мешавем, ки нашри якуми китоби «Чеҳраҳои мондагор» соли 2016 ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву тадвин шуда, аз ҷониби хонандагон дар дохил ва хориҷи мамлакат ба хушнудӣ пазироӣ ёфта буд.
АКС: Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд






