«ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР». Нашри дуюми асари безаволи Президенти Тоҷикистон дар таҳрири нав ба табъ расид

Май 13, 2023 18:03

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми асари безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳрири нав бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз ҷониби нашриёти «Эр-Граф» рӯйи чоп омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нашри нави китоби «Чеҳраҳои мондагор» зиндагиву осори шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқи тоҷик, аз қабили Деваштич, Сайфуддини Исфарангӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва Шамсиддини Шоҳин илова гардида, ба баъзе мақолаҳои дигар низ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудааст.

Китоби «Чеҳраҳои мондагор», ки дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърузаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зевари табъ ороста шудааст, фарогири рӯзгору осори шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии ҷумҳуриамон буда, хонандаро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос мекунад.

Дар сарсухани китоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурат ва муҳиммияти таълифи ин китоб ишора карда, таъкид медоранд: «Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».

Ёдовар мешавем, ки нашри якуми китоби «Чеҳраҳои мондагор» соли 2016 ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву тадвин шуда, аз ҷониби хонандагон дар дохил ва хориҷи мамлакат ба хушнудӣ пазироӣ ёфта буд.

 АКС: Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2023 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд