ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Се муштзани тоҷик ба даври дуюм роҳ ёфт

Май 3, 2023 15:48

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд (Узбекистон) идома дорад. Рӯзи гузашта дар ин чемпионат Тоҷикистонро чаҳор муштзан —  Парвиз Каримов (86 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Некрӯз Салимов (75 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (80 кг) муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии бокс хабар медиҳад.

Дар вазни 86 кг Парвиз Каримов бо ҳисоби 5:0 бар муштзани эронӣ Амин Маҷнунӣ зафар ёфта, дар вазни 63,5 кг бо ҳамин ҳисоб Баҳодур Усмонов муштзани танзанӣ Алекс Исенди Мишелро мағлуб намуд

Илова бар ин Некрӯз Салимов дар вазни 75 кг дар даври аввал муштзани Ҷазираҳои Комор Мдахома Муҳаммадро мағлуб намуд.

Муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни 80 кг бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 1:4 аз муштзани озарбойҷонӣ Мурод Аллоҳвердиев мағлуб шуд

Имрӯз Абубакр Муродзода дар вазни 60 кг бо Дониёл Шоҳбахш  ва Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг бо Максим Пилипек рақобат мекунанд.

Фонди умумии ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон 5,2 млн долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойҳои аввал дар ҳама намуди вазнҳо соҳиби 200 000 доллар, ҷойи дуюм 100 000 доллар ва ҷойи сеюм 50 000 доллар мешаванд.

 АКС: Федератсияи байналмилалии бокс

Май 3, 2023 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад