ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Бозиҳои даври нуҳум дар байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Май 13, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  бозиҳои  даври  нуҳуми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  оғоз шуда, то   14 май идома меёбанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ин   давр   дастаҳои     футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Рӯдакӣ бо   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  рақобат мекунад.  Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад. Дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар ноҳияи Фархор бо дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  вориди рақобат мегардад. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар   бо дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар мизбонӣ бозӣ мекунад. 

Қобили тазаккур аст, ки 10 май ду бозии охири даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон      байни дастаҳои   футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар варзишгоҳҳои мамлакат   хеле ҷолиб баргузор шуд.

13 май (Шанбе)

Вақти бозиҳо соати  17:00

«Кӯктош» – «Эсхата»

КМВА – «Регар-ТадАЗ»

14 май  (Якшанбе)

Вақти  бозиҳо соати  17:00

«Ҳосилот» – «Истиқлол»

«Файзканд» – «Равшан»

«Хатлон» – «Хуҷанд»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 13, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид