Дар 10 соли охир дар ҷаҳон 152 миллион кӯдак бармаҳал таваллуд шудааст
ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 13,4 миллион кӯдак бармаҳал таваллуд шуда, тақрибан як миллион нафари онҳо бар асари мушкилиҳо фавтидаанд. Чунин маълумот дар гузорише оварда шудааст, ки муассисаҳои СММ ва шарикони созмон нашр кардаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба «Новости ООН» хабар додааст.
Маърузаи «Бармаҳал таваллуд шудан: даҳсолаи амал» аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар якҷоягӣ бо Шарикӣ оид ба ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (PMNCH) – бузургтарин паймони ҳифзи занон, кӯдакон ва наврасон дар ҷаҳон таҳия шудааст. Муаллифони гузориш доир ба ҳолати фавқулодаи марбут ба таваллуди бармаҳал ҳушдор медиҳанд, ки миқёс ва вазнинии он ба назари эътибор гирифта намешавад ва ба пешрафт дар беҳбуди саломатӣ ва зинда мондани кӯдакон халал мерасонад.
Ҳисобот маълумоти навшудаи СУТ ва ЮНИСЕФ — ро дар якҷоягӣ бо мактаби беҳдошт ва тибби тропикии Лондон дар бораи паҳншавии таваллуди бармаҳал дар ҷаҳон дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, мувофиқи гузориш, нишондиҳандаҳои таваллуди бармаҳал дар даҳсолаи охир дар ягон минтақаи сайёра тағйир наёфтааст. Дар давраи солҳои 2010-2020 152 миллион кӯдак хеле барвақт таваллуд шудааст.
Таваллуди пеш аз муҳлат — сабаби асосии марги кӯдакон мебошад, ки аз панҷ ҳодисаи марги кӯдакон як ададаш то синни панҷсолагӣ ба он рост меояд. Кӯдаконе, ки норасид таваллуд шудаанд, метавонанд дар тӯли ҳаёти минбаъдаи худ ба оқибатҳои бениҳоят манфии саломатӣ- эҳтимоли маъюбӣ ва ақибмонии рушд дучор оянд.
Сатҳи баландтарини таваллуди бармаҳал дар Осиёи Ҷанубӣ ва Африқо дар самти ҷанубтар аз Сахара мебошад. Кӯдакони норасид дар ин минтақаҳо хатари бештари фавт доранд. Беш аз 65% таваллуди бармаҳал дар саросари ҷаҳон ба ин ду минтақа рост меояд.
Дар пасманзари Конфронси байналмилалӣ оид ба амнияти солимии модарон ва навзодон, ки дар Кейптауни Африқои Ҷанубӣ аз 8 то 11 май баргузор гардид, муаллифони гузориш даъват карданд, ки захираҳои байналмилалӣ ва дохилӣ ба манфиати саломатии модарону навзодон ва таъмини нигоҳубини босифати онҳо ҷалб карда шаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои бо








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






