Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ машварати илмӣ-амалӣ гузаронида шуд

Май 27, 2023 14:46

ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ» машварати илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ хабар доданд.

Дар машварат олимони Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин, Институти палеонтология ва палеоантропологияи Ҷумҳурии мардумии Чин, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов ва дигарон иштирок намуданд.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов оид ба баргузории машварат ва ҳамкории олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия ва дигар мамлакатҳо сухан гуфта, аз дастовардҳои илмии бостоншиносӣ, ки дар натиҷаи ҳамкории муштарак ба даст омадаанд, ёдовар шуд.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Насрулло Убайдулло иброз намуд, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ дар мавзеъҳои Кӯлдара, Оби Мазор, Хонақоҳ ва Лоҳутии ноҳияи Ховалинг чанд сол аст, ки корҳои геобостоншиносӣ анҷом ёфта истодаанд. Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ қабати зардхок ва ё қабати асри санг ёфт ва таҳқиқ карда шуд. Ёдгориҳои замони палеолити ноҳияи Ховалинг дар омӯзиши «Роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ» имконияти хуб ба миён оварда, ба илми таърих назарияи нав ворид намуд.

Олимони хориҷӣ оид ба омӯзиши масоили қабатҳои зардхок дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон, оид ба омӯзиши зардхоки давраи палеолит дар Чин, доир ба маълумоти нав аз омӯзиши палеолити зардхоки Осиёи Марказӣ ва пайдарпаии зардхоки давраи палеолит дар ноҳияи Ховалинг маъруза намуданд.

Дар машварат байни мутахассисони соҳа ва иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ доир шуда, дастовардҳои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, инчунин шарикони хориҷии онҳо ҷолиб ва назаррас баҳогузорӣ гардид.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Май 27, 2023 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд