Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм /БХМ ҚД/МТ/ бо иштироки аъзо аз вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки азбаски баҳодиҳии хавфи миллӣ самтҳои гуногун, аз ҷумла самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, коррупсия, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, амният ва бахусус хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаро инъикос менамояд, гурӯҳи корӣ дар баҳодиҳӣ нақши ниҳоят муҳим мебозад.
Инчунин гуфта шуд, ки департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо аъзои Гурӯҳи кории Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо коршиноси байналмилалӣ ҳамкориро вусъат бахшида, табодули иттилоотро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад. Ин аст, ки бо иштироки коршиноси байналмилалӣ Бярне Хансен дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд, ки дар он раванди баҳодиҳӣ, методологияи гузаронидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳо вобаста ба қадамҳои минбаъдаи ҷонибҳо муҳокима гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи талаботи тавсияи якуми гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) дар доираи кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд солҳои 2015-2017 гузаронида шуда, Ҳисоботи он 18 сентябри соли 2017 дар ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ амал менамояд, тасдиқ гардида буд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикист








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






