Дар Чин аз минтақаи заминларза дар музофоти Юннан 11 ҳазор нафар кӯчонида шуд

Май 3, 2023 14:39

ДУШАНБЕ, 03.05.023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин тақрибан 11 ҳазор нафарро аз минтақаи зилзила дар шаҳри Баошани музофоти Юннан дар ҷанубу ғарби кишвар ба ҷойи дигар кӯчониданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус  рӯзи чоршанбе рӯзномаи «Синтсзинбао» бо истинод ба ситоди маҳаллӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ хабар додааст.

Ба амалиёти наҷот 2,4 ҳазор нафар одам ҷалб карда шуд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар натиҷаи заминларза тақрибан 2,8 ҳазор бино осеб дидааст.

Мақомоти салоҳиятдор барои таъмини амнияти 38 ҳазор нафар тадбирҳои фаврӣ андешид. Барои онҳо 34 сарпаноҳи муваққатӣ ташкил карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминларза касе ҳалок нашудааст. Се нафар ҷароҳати сабук бардошта, ба наздиктарин беморхона интиқол ёфт.

Тавре маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин иттилоъ дод, рӯзи сешанбе дар километри 35-уми самти шимолу шарқи шаҳри Баошан, ки қариб 935 000 нафар аҳолӣ дорад, заминларза бо шиддати 5,3 дараҷа ба амал омад. Маркази он дар умқи 40 километр воқеъ буд.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 3, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад