Дар Чин беш аз 500 ҳазор нафар аз обхезӣ зарар дидааст
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 500 ҳазор нафар бар асари борони сел дар вилояти шарқии Тзянсии Чин осеб дидааст. Зарари мустақими иқтисодӣ 670 миллион юан ($97 миллион доллар) арзёбӣ шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус телевизиони марказии Чин хабар додааст.
Бориши шадиде, ки аз ҳафтаи гузашта дар минтақаҳои марказӣ ва шарқии Чин ба амал омадааст, боиси обхезии шадид гардид, ки аз он танҳо дар вилояти Тзянси 536 ҳазор нафар зарар дида, 16 ҳазор аҳолӣ ба ҷойи дигар кӯчонида шуд.
Мувофиқи иттилоъ, бар асари обхезӣ дар музофоти Тзянси (Шарқи Чин) беш аз сад хона осеб дида, ҳосили кишт дар майдони 2,3 ҳазор гектар нобуд шудааст. Зарари мустақими иқтисодӣ 670 миллион юан ($97 млн) арзёбӣ мешавад.
Бориши шадид боиси он гардид, ки сатҳи оби 21 дарёи кишвар аз меъёри бехатар боло баромад.
Тибқи пешгӯиҳо, аз 11 то 13 май боронҳои шадид ҳамзамон дар минтақаҳои ҷанубии Чин, аз ҷумла музофоти Гуандун, Ҳайнан ва ноҳияи мухтори Гуанси-Чжуан ба амал меоянд.
Мақомоти маҳаллӣ барои кӯчонидани сокиноне, ки дар минтақаҳои эҳтимолии обхезӣ қарор доранд, тадбирҳои пешгирикунанда меандешанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






