Дар Душанбе ҳамоиши навбатии илмӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Тоҷикони барӯманди Афғонистон» баргузор гардид

Май 25, 2023 19:07

ДУШАНБЕ,25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳабибуллои Калаконӣ: Аз айёрӣ то подшоҳӣ» таҳти чунин унвон 24 май дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки донишмандону муҳаққиқони тоҷик ҳамоиши навбатии илмӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Тоҷикони барӯманди Афғонистон» баргузор гарид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози ҳамоиш сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Қосимшоҳ Искандаров тазаккур дод, ки: «Ёдрас намудани шахсиятҳои маъруфи Афғонистон айни ҳол моҳияти бештари сиёсӣ ва умумимиллӣ пайдо мекунад».

Баъдан дар маърузаи илмии худ Қ.Искандаров замон, шароит ва омилҳои шӯриши мардумии Афғонистонро дар соли 1929, сабабҳои шикасти он ва сабақҳои таърихии бедории ғурури миллии тоҷикони муқими ин сарзаминро бо далеҳои нави илмӣ баён намуд.

Дар маърузаи худ муҳаққиқи ҳавзаи Осиёи Марказӣ Умед Назаров аз саҳми Ҳабибуллои Калаконӣ (1890-1929) дар таъмини ваҳдати мардуми Афғонистон, муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолияту озодӣ, ҷанбаҳои илмии шахсияти номбурда, ёдрас шуд. Муҳаққиқ бо таъкид аз ҳаводиси таърихӣ ҷасорати сиёсӣ ва марши озодихоҳии мардумии муборизаҳои Абумуслими Хуросонӣ, Спитамен, Темурмалик ва Восеъро чун хислати зотии тоҷикон дар аҳдҳои гуногун равшан намуд, ки бозёфти тозаи илмӣ буда, пажӯҳиши васеътареро тақозо менамояд.

Ҳамзамон олимон ва сиёсатмадорони Афғонистон Зуҳурӣ, Аҳмад Валӣ Масуъд, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод баъзе аз норавшаниҳои таърихии замони Ҳабибуллои Калакониро васеътар тавзеҳ доданд.

Чунин иқдомҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бевосита Маркази мероси хаттӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оҳанг, танин ва садои доғи рӯзро фаро мегиранд ва дар бедории шуури худшиносӣ, ташаккули маърифати эҳтиром ба бузургони бостонии мо нақши бориз мегузоранд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худхоҳиҳо ва ситамгароии аҳди асрҳои миёнаи ҷунбиши терористии «Толибон» ҳушдор дода, фалокати башарии нобудшавии халқу миллатҳои ғайрипуштии муқими Афғонистонро пешгӯӣ намудааст. Маҳз қутби зулму ситам «Восеи асри 20» — Ҳабибуллои Калакониро ба мубориза водор намуд. Мутаассифона, то ба имрӯз асосҳои илмии шахсияти Амир Ҳабибулло нисбат ба ривоятҳои сиёҳи кучагӣ камтаранд. Бояд аз зеҳни мардум ва ороиши илми ривоятҳои роҳзанӣ, авбошӣ ва бесаводии Ҳабибуллои Калакониро лағв намуд, афзуданд иштирокдорони ҳамоиши илмӣ.

Маврид ба таъкид аст, ки маҳз се сол боз дар хазинаи тилоиии мероси ниёгони мо — Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар радифи эҳё, таҷдид, тармиму манзури мутолиаи умум гардондани мероси хаттии бостонӣ маҳфилу ҳамоишҳои бошукуҳи арзишманди илмӣ баргузор мегарданд.

АКС: Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 25, 2023 19:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид