Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форумро бо сухани ифтитоҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Ботир Атдаев оғоз намуданд.
Зимни суханронии худ муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон бо кӯшишхои тарафайн рушд намуда, дар натиҷаи сафарҳои мутақобила пайваста ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи баланди тараққиёт расидааст.
«Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, инчунин баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву сармоягузорӣ мусоидат менамояд», — тазаккур дод ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркманистон соли 2022 52,9 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 30,7 миллион доллар ё 2,3 баробар зиёд шудааст.
Дар Форуми мазкур беш аз 250 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои афзалиятнок иштирок намуданд.
Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, логистика, нақлиёт ва комуникатсия муаррифӣ карда шуд.


Дар фарҷоми Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳама соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»















Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






