Дар Душанбе тадқиқот доир ба савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти гузаронидаи худро таҳти унвони «Тоҷикистон: Савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ» муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук.
Дар ҳамоиш муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли ва намояндаи масъули Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томонори Хасегава иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки зимни тадқиқот бо беш аз 400 ширкати савдои фаромарзӣ ва 31 брокери гумрукӣ мусоҳиба гузаронида шуд. Дар муаррифӣ ҳисобот, бозёфтҳо ва тавсияҳои калидӣ вобаста ба савдои фаромарзӣ пешниҳод гардид. Инчунин дар ҳисобот монеаҳои муайяне баён шуданд, ки соҳибкорон дар соҳаи савдои фаромарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он дучор мешаванд.
Вобаста ба ин таъкид гардид, ки дар оянда зарур аст бо мақсади беҳтар қонеъ гардонидани талаботи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тадбирҳо андешида шаванд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






