Дар Хатлон доир ба рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд конфренсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфренсияи илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар конференсия намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон иброз намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва умуман дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим дорад. Маҳз дар Паём дарҷ гардидани масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон сабаби рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад».
Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 бо намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатии вилояти Хатлон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуд.
АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон








Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






