Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ду созишнома ва як ёддошт ба тасвиб расид

Май 10, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим  иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон.

Дар кори ҷаласа се масъала: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе мавриди муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ 14 декабри соли 2022 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии Созишномаи мазкур- ин савдои дуҷонибаи табодули мол ва хизматрасонӣ дар байни ду мамлакат  буда, гузариши он ба воситаи ҷумҳурии сеюм ё мустақиман сурат гирифтани он, интиқолдиҳандагон, ҳаракати сарҳадӣ, тафтиши мол, ки барои иҷрои расмиёти дуҷонибаи гумрукӣ салоҳиятдор мебошад, дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд 16 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии Созишномаи мазкур- ин иҷрои зербанди 9.6 банди 9 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ барои бақайдгирии ҳуқуқӣ дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, мебошад.

Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 10, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ