Ҳамкории «Саноатсодиротбонк» бо Фонди Саудӣ барои рушд ва бонкҳои Узбекистону Озарбойҷон баррасӣ гардид

Май 13, 2023 08:43

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар вохӯрии дуҷонибаи ҳайати расмии Тоҷикистон бо Раиси Раёсати Фонди Саудӣ барои рушд иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои бузург дар  Тоҷикистон ва ҳамкории мутақобила бо «Саноатсодиротбонк «баррасӣ гардид.

Ҳамчунин Раиси Раёсати «Саноатсодиротбонк» бо Раиси Раёсати Бонки Ипак Йуллии Узбекистон ва муовини Раиси Раёсати Халқ Бонки Озарбойҷон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд мулоқот анҷом дод.

Таъкид гардид, ки «Саноатсодиротбонк» ҳамчун бонки давлатӣ омодааст, дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки бонкию молиявӣ ҳамкорӣ намояд ва ҷиҳати вусъат додани равобити хориҷӣ байни давлатҳо саҳмгузор бошад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Май 13, 2023 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид